Ҳамсояи офтоб моҳ аст
Ҳамсояи одамӣ илоҳ аст
Дар ҷону тани ту оби ҳайвон
Чун мардуми дида дар сиёҳ аст
Дар малики вуҷӯди ғайр ҳақ нест
Дар даъвии мо худо гувоҳ аст
Дидам ба даруни дида ӯ ро
Аз дидаи дида дар нигоҳ аст
Ҷисми ту зи хоку ҷони зи хуршед
Хуршеди миёни хок роҳ аст
Зон сӯхти зи офтоби рӯйиш
Дар сояи зулф ӯ паноҳ аст
Кӯҳии ҳамаи шаб чу шамъ бар мо
Дар гиряи зору сӯз ва оҳ аст