Лавҳи маҳфӯз дар ҷабин шумо аст
Меҳру маи чашми поки байн шумо аст
Дили муъмин дар асбъин худо аст
Дасти ҳақи андари остин шумо аст
Ваҳии васлат бҷон расед эй дил
Дар дилами Ҷабраили амин шумо аст
Рӯҳи қудсӣ ки нур аъзам шуд
Шарҳи он исм дар нигин шумо аст
Қӯти рӯҳи ман аз хазонаи ғайб
Хандаи лаъли шаккарин шумо аст
Қоб ва қавсин дар шаби миъроҷ
Абрӯу зулфи пари зи чин шумо аст
Фтдлои мақом наздик аст
Шукри эзад ки ҷони қарин шумо аст
Бути тарсоу муъмину кофар
Мазҳаби ин ҳамаи бад-ӣн шумо аст
Оби ҳайвон ки мурда зинда кунад
Лаъли сероби оташин шумо аст
Қурси хуршед ҳар сабоҳи бсдқ
Рӯй ихлос бар замин шумо аст
Манзили рӯҳи кӯҳии шабгард
Дар хами зулфи пари зи чин шумо аст