То меҳри ту дидем , з заррот гузаштем
Аз ҷумлаи сифот аз паии он зот гузаштем
Чун ҷумлаи ҷаҳони мазҳар ва оёт вуҷӯданд
Андари талаб аз мазҳар ва оёт гузаштем
Бо мо сухан аз кашфу каромоти мгўӣид
Чун мо зи сари кашф ва каромот гузаштем
Дидем ки инҳо ҳамагии хоб ва хаёл аст
Мардонаи азин хоб ва хаёлот гузаштем
эй шайх агар ҷумлаи камолоти ту ин аст
Хуш бош ки аз ҷумла камолот гузаштем
Дарди сари иршоди зи мо давр кун эй пер
Каз перу мурӣдӣ ва ародот гузаштем
Аз хонқаҳу савмиъау мадрисаи рстим
зи авроди рҳидиму з авқот гузаштем
Аз мадрисау дарс ва мақолот гузаштем
Вази шубҳау ташкик ва саволот гузаштем
Аз каъбау бути хонау зуннору чилипо
Аз майкадау кӯй харобот гузаштем
Инҳо ба ҳақиқати ҳамаи офот тариқ анд
Алмнтаҳи ллаҳ ки з офот гузаштем
Мо аз паии нурӣ ки буд машриқи анвор
Аз мағрибӣу кавкаб ва мшкўаҳ гузаштем