Чу тофт бар дил ва бар ҷонами офтоби таҷаллӣ
Басон зарра шудам дар фурӯғу тоби таҷаллӣ
Рҳидм аз шаби диҷўри нафасу зулмати тан
зи акси партави анвори офтоби таҷаллӣ
Танӣ чу тавру дилӣ чун кулем май бояд
Ки оварад ба миқоти дӯсти тоби таҷаллӣ
Аз ин ҳадис чаҳ куштааст ҳодис аз ҳадсон
Таҳоратӣ натавон ёфт ҷуз ба оби таҷаллӣ
Чу шуд хароби таҷаллии дилам таҳорат ёфт
Хушо иморати он дил ки шуд хароби таҷаллӣ
Ниқоби мо ва ман аз пеш дида ам бархест
Чу рух намӯд марои ёр аз ниқоби таҷаллӣ
Дило ба маҷлиси риндони поки бози дро
зи дасти соқӣ боқӣ бихӯр шароби таҷаллӣ
Шароби ноби таҷаллии рҳондт аз худ
Дило мабош дамӣ бе шароби ноби таҷаллӣ
з мағрибӣ натавон ёфт ҳеҷ ному нишон
Аз он замон ки ниҳон гашта дар қбоби таҷаллӣ