з рӯй зот бар афкани ниқоби асмо ро

Ниҳон ба исм макун чеҳраи мсмо ро

Ниқоб бар фикан аз рӯйу азм саҳро кун

зи кунҷи хилвати ваҳдати дамии тамошо ро

Агар чаҳ партави анвори зот маҳв кунад

Чу ин ниқоб бар уфтад ҷамеъи ашё ро

Агар чаҳ мо ва манӣ низ ҷузи тўӣӣ

Ту нест замови ман бустони як замони ман ва мо ро

Агар чаҳ соя анқо мағрибаст ҷаҳон

Ва лек сояи ҳиҷоб омадааст анқо ро

Нуқӯши касрати амвоҷи зоҳири дарё

Ҳиҷоби ваҳдати ботин басаст дарё ро

Фурӯғи чеҳраи узрои худ ниҳон дорад

зи чашми Вомиқи бедили изори узро ро

намесазад ки ниҳони гардӣ аз аўлўи алобсор

Ки нури дидаи туе чашмҳои бино ро

зи мағрибӣ чу туе нозири рухи зебот

Ниҳон аз ва макун эй дӯст рӯй зебо ро