Бо туаст он ёри доими вази ту як дам давр нест

Гарчи ту маҳҷӯрӣ аз ӯ , ваии зи ту маҳҷӯр нест

Дида бигушо то бибинӣ офтоб рӯй ӯ

КоФтоб рӯй ӯ аз дидаҳо мастур нест

Лек рӯйишро бнўр рӯй ӯ дидан тавон

Гарчи монеъи дидаро аз диданаши ҷуз нур нест

Ҷинати арбоби дили рухсори ҷонон дидан аст

Дар чунин ҷинат ки гуфтеми занҷабил ва ҳур нест

Гар турои дидор ӯ бояд бро бар таври дил

Ҳоҷат рафтан чу Мӯсои сӯии кӯҳ тавр нест

Ту китобӣ дар ту мстўраст илм ва ҳар чаҳ ҳаст

Чист он ков дар китобу лавҳи ту мстўр нест

Кӯр он бошад ки ӯ бинои бнФс худ нашуд

Кон ки ӯ бинои бнФс хештан шуд , кӯр нест

Носир Мансур гуяд ано алҳақ улмубин

Бишинав аз Носир ки он гуфтор аз Мансур нест

Мағрибиро ёри шамс мағрибӣ хонд баном

Гарчи шамси мағрибии андари ҷаҳон мастур нест