Дили мо ҳар нафасии машраб дигар дорад
Роҳу расм дигару мазҳаб дигар дорад
Мекашад ҳар нафасии ҷом дигар аз лаби ёр
Баҳр ҳар ҷом кашӣдан , лаб дигар дорад
Шоҳиди мо биҷуз аз холу хату ғабғаби хеш
Холу хат дигару ғабғаб дигар дорад
Ҳар замони ҷон дигар аз лаб ҷонон расадаш
Баҳр ҳар ҷон ки расад қолаб дигар дорад
Дар ҷаҳони дили мо меҳру сипеҳр дигар аст
Аршу фаршу фалаку кавкаб дигар дорад
Биҷузи ин рӯз ки бинӣ , будаш рӯз дигар
Биҷузи ин шаб ки ту доне , шаб дигар дорад
Дил саворӣаст ки дар гоҳи тавваҷуҳ кардан
Ҷониб ҳар тарафии мураккаб дигар дорад
Лавҳи маҳфӯзи дили мағрибӣ аз мактаби дӯст
Гашти мстўр , ки дили мактаб дигар дорад