Дили ҳама дида шуду дидаи ҳама дил гардид
То муроди дилу дидаи зи ту ҳосил гардид
Ба умедӣ ки расад мавҷӣ аз он баҳри бадал
Солҳо сокини он лаҷа ва соҳил гардид
Манзилӣ ба зи дилу дидаи ман ҳеҷ наёфт
Моҳи ман гарчи басии гирд манозил гардид
Дил ки девонаи занҷири сари зулфи ту буд
Ҳам бзнҷири сари зулфи ту оқил гардид
Оқибат ёфт дар он банди слосли ором
Солҳо гарчи дар он банд ва слосл гардид
Макру дастону фиребу ҳияли пери хирад
Пеши найранг ва фусунҳои ту ботил гардид
Парда бурдор зи рух то ки равон ҳал гардад
Ҳарчӣ бар ман зи сари зулфи ту мушкил гардид
Гар дилами оинаи комили рухсор ту нест
Акси анвори рахтро бача қобил гардид
Рӯй бо рӯй ту оварад , аз он мқбл шуд
Ҳам зи иқболи рухи тест ки мқбл гардид
Ҳар ки аз комил мо ёфт назар комил шуд
Мағрибӣ аз назар ӯст ки комил гардид