Чун акси рухи дӯст дар оина аён шуд

Бар акси рухи хешнигорам нигарон шуд

Ширини лаб ӯ то ки ба гуфтор даромад

Олами ҳамаи пари валвалау шӯр ва фиғон шуд

Чун азми тамошоӣ ҷаҳон кард зи хилват

Омад ба тамошои ҷаҳони ҷумла ҷаҳон шуд

Ҳар нақш ки ӯ хост бар он нақши баромад

Пӯшеди ҳамон нақш ва бидон нақш аён шуд

Ҳам касрати худ гашти дарави воҳид худ дид

Ҳам айн ҳамин омад ва ҳам айн ҳамон шуд

Ҷоӣии ҳама исм омад ва ҷое ҳамагии расм

Ҷоӣии ҳама ҷисм омаду ҷоӣии ҳама ҷон шуд

Ҳам парда барандохт з рух кард таҷаллӣ

Ҳам пардаи худ гашт ва пас парда ниҳон шуд

эй мағрибии он ёр ки беному нишон буд

Аз парда бурун омад ва бо ном ва нишон шуд