Бе партави рухсори ту пайдо натавон шуд
Бе меҳри ту чун зарра ҳувайдо натавон шуд
Ҷуз аз лаби ту ҷом лаболаб натавон хӯрд
Ҷуз дар рухи ту вола ва шайдо натавон шуд
То мавҷи ту моро накушуд ҷониби дарё
Аз соҳили худ ҷониб дарё натавон шуд
То ҷазба ӯ брнрбоиди ман ва мо ро
Ҳаргизи нафасӣ бе ман ва бе мо натавон шуд
Аз меҳри Рахши сояи сифат паст нагашта
Андари паии он қомат ва боло натавон шуд
Дар хлўтдогри дидаи з ағёр нашуд пок
Аз хилвати худ ҷониб саҳро натавон шуд
Бедида нишоед бтмошо шудани аидўст
То дида набошад бтмошо натавон шуд
Чун мағрибӣ аз машриқ ва мағриб нарасида
Хуршеди сифати муфрад ва якто натавон шуд