Бутам бар талъати худ шона зад зулфи чилипо ро

Парешон бар сабоҳ ид дорад шоми ялдо ро

Ҳалокам карда бе парвои фарангии зодаи тарсое

Кигар дасташ расад якбораи хӯни резади масеҳо ро

Ман аз рухсору гесуии ту ҳайронам наме донам

Ки дахлаш чист ин кофари яди Байзои Мӯсо ро

Агар миҳроби абрӯии туро аз гиря ме бинад

Ба фарқи хештан вайрон кунад роҳиби килисо ро

Хаёли қади ҷонон дар дили сӯзону ҳайронам

Ки тарсами оташ дӯзах бисӯзад нахли тӯбо ро

Баҳор омад биёи соқӣ ба рағми чархи миное

Ваболи гардан зоҳид бирезон хӯни мино ро

Ба як хандаи дилу дайн « вафое » барда , ҳайронам

Магари барқ ӣмон зад хирмани ҷони таманно ро