Ба роҳи дӯст касе сар наад сабк бор аст
Асири дом муҳаббат магӯ гирифтор аст
Серум ба афсари доро фурӯ наме ояд
Ки афсари сари ман хоки мақдам ёр аст
Ба ҳеҷ рӯй зи ман во намешавад ғами дӯст
Ба даври нуқтаи ту гӯйӣ ки хат паргор аст
Ту Юсуфӣ ва ман аз ғами асири зиндонам
Азизи ман ! ту бифармоӣ охири ин кораст ?
Маро ба боғ ва ба гулзор ҳоҷатӣ набӯд
Маро ки ёди ҷамоли ту боғ гулзор аст
Агар ба ҳеҷ нагирам равост шохи набот
Ки лаъли хусрави ширини лабони шукр бор аст
Бикун ҳар он чаҳ кунӣ бар ман аз ҷФокорӣ
Ки нозанини санами дилрабо , дил озор аст
Ба маҳфилӣ ки туе чашм бар кафи дгарон
Ҳароратами набарди ҷом агарчӣ саршор аст
Ба хоки пои ту додеми ҷон ки то гӯйанд
Ба роҳи дӯст « вафое » ба ҷон вафодор аст