эй бути чин эй балои ҷони хату холат

Дод зи бедоди подшоҳи ҷамолат

Ман чаҳ даҳуми шарҳи ғуссаи шаби ҳиҷрон

эй ману ҳиҷрони фидои рӯзи висолат

Бас ки зи меҳри рухи ту нола кашидам

Костам аз ғам чу абрувони ҳилолат

Боварат ар нест дар фироқи ту мардум

Шоҳиди мо ҳазрати ҷаноби хаёлат

Бар ман ва бар дил ба чашми лутфи нигоҳӣ

эй ману дили фидои чашми ғизолат

Сӯхти марои оташи фироқ ту магузор

Дасти ману домани ҷаноби висолат

Куштани ошиқ агар мурод ту бошад

Хӯн « вафое » ҳазор бори ҳалолат