Ҳар шому саҳар рӯй ту дидан маза дорад

Гулҳо зи гулистони ту чидан маза дорад

Дар доми ту афтодану тирии зи ту хӯрдан

Дар пои ту бар хок тапидан маза дорад

Гули гули арақ аз рӯй нигорин чаҳ латиф аст

Бар барги самани жола чакидан маза дорад

Дасти ту гирифтан , сари зулф ту кашӣдан

Ваа ваа ! лаби лаъли ту гузидан маза дорад

Қурбони ту ва рафт ту бошам ки зоҳў

Ром кардану астодн ва дидан ту маза дорад

Як шиша ӣ май дар кафан мо бигзоред

Дар ҳашари ҳам , ин бода кашӣдан маза дорад

Ошиқ шудан ва дар рухи тарсои нгридн

Май хӯрдану зуннор баридан маза дорад

Дар майкада рафтан , ду се паймона кашӣдан

Ваҳшӣ шудан аз хеш ва рамидан маза дорад

Қурбони гулам дар сари бозори муҳаббат

Коғштаҳ ба хӯн , ҷома даридан маза дорад

Пари сӯхта бе худ шудан аз нашъа ӣ саҳбо

То конгресс ӣ арш паридан маза дорад

Хуши замзамае буд ки мехонд « вафое »

Бар кандану пайвастан ва дидан маза дорад