Ду ҳафт соли риёзати хоки шмзинон
Мурӣду хонқаҳу мард боязидам кард
Қазо фиканд дарин охирам ба доми бутӣ
Ба пеши пери Муғони банда убайдам кард
Ба тири ғамзау теғи нигоҳу ханҷари ноз
Амони надод ба як чашм зад шаҳидам кард
Манӣ ки қутби мадор ҷаҳон бидам як дам
Мадори қутби призодаҳ эй мурӣдам кард
Ҳазор шукр « вафое » бози ҳотифи ғайб
Ба муждаи карами хеши пар умедам кард