Сияҳ шуд зулф бо хуршеди рӯ то ошноӣ худнамое кард

Сияҳи рӯи он ки кофари он ки даъвоӣ худоӣ кард

Дилам дар турра аз файзи Рахш бар васли лаб шод аст

зи зулмати раҳбарам бар оби ҳайвон равшаноӣ кард

Накард аз куштани ман ғамза ӣ чашми ту тақсирӣ

Ситамкораст оре ҳар ки бо маст ошноӣ кард

Ҳалокам кард як раҳ бо нигоҳи чашми бемораш

Табиби хеши қурбонам , ки дармонӣ худоӣ кард

зи тоҷу тахти шоҳӣ нанг дорад бингарад аз кибр

« вафое » вори як дам ҳар ки дар кӯяш гадоӣ кард