Бар чеҳраи зулфи хеш , пар аз печ ва тоб кард
Яъне ба ҳасан , ҳалқа ба гӯш офтоб кард
Гесу ба бод дод ба сад ҷилва дар чаман
Аз сарв сар кашид ва ба сунбул итоб кард
Бетоб шуд зи ҳасрату ғам чун расед хат
Гуё ки зулфи ёди зи аҳд шабоб кард
Оўх ки ёр рафт ва начедам гулии зи васл
Комии надидаи умри азизам шитоб кард
Чашмам дар орзӯӣ батон бас ки хӯн бирехт
Маъмура ӣ вуҷӯд « вафое » хароб кард