Ҳасанат ба фатҳи кишвари дил иҳтимом кард

Асбоби шаҳриёрии худро тамом кард

Аз зулфу хол , лашкари чин ва ҳабаш кашид

Вази мижаи кушандаи ду саф интизом кард

Бо фавҷӣ аз киришма , ду аз ғамза , сад зи ноз

Дар гӯшаи нигоҳ ту омад қиём кард

Чашми ту зон миёнаи амир низом шуд

Бо як ишораи кори дили мо тамом кард

Мижгон ки кард рӯй ба миҳроби абрувон

Моно барои шоҳи дуоӣ давом кард

Қурбони зӯри панҷа ӣ ҳасанам ки як назар

Чандини ҳазор шаҳ , чу « вафое » ғулом кард