Чашми сиёҳи мастат бо мо бибин чаҳ ҳо кард

Бо як нигаҳи дилу дайн аз дасти мо раҳо кард

Як бӯсаи хӯн баҳо кард лаъл лабаш надонам

Гар душманӣ ба дил дошт ин дӯстӣ чаро кард ?

Бо ҳар нигоҳу нозами сад бори кишту хӯни рехт

Ширини куҷо ба Фарҳоди ин ҷавр ва ин ҷафо кард ?

Бод сабо надонам бо гул чаҳ нукта Эй гуфт ?

Каз ҳасрати даҳонати гули ҷомаро қабо кард

Танҳо на ман шаҳидам аз дасти теғи нозаш

Ҳар гӯшаро ки бинии саҳроӣ Карбало кард

Қурбони чашми мастам хӯнам бирехт , рустам

Дар зимни як адоват , кори сад ошно кард

Ҳиндӯ агар ба кавсар гӯйанд раҳ надорад

Баҳр чаҳ шуд лаби ту холи сиёҳ ҷо кард

Гесу на , боғи сунбул , ориз на , хирмани гул

Инаст он биҳиштии худо барои мо кард

Рӯй ту , сарви боло , дидам з худ бирафтам

Каз олами баландии моҳи маро садо кард

Бурқаъ фиканд оташ дар мо зад ва надонам

Худ кард рози худ фоши моро чаро расво кард ?

Зулфат намегузорад рӯй ту сайри байнам

Ин пораи абри торики рӯзи маро сиё кард

Пери Муғони шаб дӯш мегуфт кӯза бар дӯш :

Ҳай мебигир ва май нӯш , ҳай май туро раҳо кард

Сӯфӣ машав гарони ҷон , софии шӯ ва худо хон

Побанду банда ӣ нон , кӣ рӯй дар худо кард ?

Девона бошу ҳӯшёр , одами шӯу сияҳи кор

Майхона гир бигзор , гӯйанд раҳ хато кард

Он моҳи рӯи кушода , рӯйиши ҳам ранги бода

Ҳам шӯхи шайхи зода , бо аҳди худ вафо кард

Дидам омад шитобон , омад чу моҳи тобон

Ҳам шаҳр ва ҳам биёбон , чун рӯз рӯшано кард

Гуфтам : лабат бабўсам , чашмаш ба ғамзаам кишт

Хӯнӣ накарда будам ин тарки қасд мо кард !

Гуфто : туами бимирӣ , беҷон лабам нагирӣ

Оби ҳаёти моро « вафое » кам баҳо кард