Ба ҷон омад дилам то кӣ дил , эй ҷон , бедаво бошад

Нигоҳӣ кун ба дил кин як нигоҳам иктифо бошад

Агар дар ваҳдатам аз касрати ҳайрати ним холӣ

Даҳонат аз табассум то фанои пар бақо бошад

з ҷо бархез то тўФӣ кунам гирди сарати гирдам

Намози ошиқонро дар қиёмати ҳам қазо бошад

Ба ҷуз дилбар намегӯям ғами дил бо касе зон рӯ

Ғами дил бо касе гӯям ки бо дил ошно бошад

Гирифтам қибла дар даст омаду умрӣ дар эҳромам

Чаҳ суди ин саъй беҳосил агар дил бесафо бошад

Чунин аз ханҷари нози ту хӯн май борад аз ҳар сӯ

Ба олам ҳар киро бинии шаҳид Карбало бошад

Ба чашмони сияҳи барадии дилу дайн « вафое » ро

Турои оҳӯӣ чин гуфтам хато набӯд раво бошад