Шодии ман на ба хулд ва на ба кавсар бошад
Шодии он ҷои тараб он ҷост ки дилбар бошад
Ҳар ки дид оби ҳаёти даҳани дӯст чу ман
Бугзарад аз дил , агар Хизр паямбар бошад
Ҷои ҳайрат буд ин холи сияҳ бар лаби ёр
Кофарами ҳиндӯ агар соқӣ кавсар бошад
Хати сабзи ту ва зулфин сияҳ доне чист ?
Ояти лутф ки дар шаъни ду кофар бошад
Ду қиёмат нашунидем ба як ҷой , ки гуфт ?
Сарви болои ту чун дар саф маҳшар бошад
Талъати дилкаши ҷонону қади дилбари дӯст
Навбаҳорӣаст ки болой санавбар бошад
Лаби ту об ҳаётаст ва ту худ ҳам Хизрӣ
Хизр агар ҷавр кунад аз чаҳ пайғамбар бошад ?
Булъаҷаби монам аз ин ҳасани худододи ту ман
Ма надидам ки шкрбору саман бар бошад
Қавси абрӯии ту аз тири маро пора кунад
Офтоби рухи ту аз чаҳ ду пайкар бошад ?
Гар тўӣии чашма ӣ ҳайвон , ба кафи орми рӯзӣ
Нстонди зи миннат гарчи Сикандар бошад
Лаби ту ҷон « вафое »аст хушо дар қидмат
Ҷон ба лаби ораду қурбонӣ дилбар бошад