Бути ман турра чу бар барги саман бар шаканд

Равнақи моҳи барад , қимат анбар шаканд

Гунаҳ аз чашм ту набӯд зи дил озурдан мо

Тарк чун маст буд шиша соғар шаканд

Бастаи зулфи ту ба ҳар ҳалқаи ҳазорон дили зор

Тарсами ин боргарони пушти саманд дар шаканд

Гар ба ин сӯрати зебоӣ ту уфтад назараш

Роҳиби дайр , санам дар сар озар шаканд

Монӣ аз чашми ту каҷи сохтаи абрӯии туро

Шона аз мастии худ дар сари пар гар шаканд

Дилу дилбар ба ҳам омехта машкан дили мо

Дили дилдода шикастани дил дилбар шаканд

Ҳар киро поя баландаст гирифтор балост

Ситами чархи нигари паҳлавӣ афсар шаканд

Хол дар кунҷи лабати вақти табассум гуё

Ҳиндӯии танги шукр бар лаб кавсар шаканд

Чашми масти ту чунон сайд дилам кард ба чашм

Шоҳбозӣ ки пару бол кабӯтар шаканд

Мансаби қадари вафое бар доноён аст

Ғам ҷоҳил натавон хӯрд ки гавҳар шаканд

Шаби торик « вафое » буд он рӯз ки ёр

Сунбули шефта бар барги саман дар шаканд