Гуфтам ба бути сода : ки эй тарки Хуҷандӣ

эй ҳар хами зулфи ту марои банду камандӣ

Ширинтар аз ин қомат ва боло нишнидам

Чун гулбуни навруста на пастӣ на баландӣ

Бо ин лаби ширин чу дар ое ба шикарханд

Гӯйанд : ки шӯри шукрии фитна ӣ қандӣ

Гуфт : аз лаби ширини ман ин булъаҷабӣ нест

Хосса ки буд бӯсаи гуҳи баҳҷати аФндӣ

Гуфтам : ки бигӯ қимати як бӯса азон гуфт :

Ин нукта надорад сифат чунӣ ва чанде

Ҷони баҳри ту ғам нест вале воҳима дорам

Кини ҷони муҳақари з « вафое » напасандӣ