Аё фурӯхта аз фару талъатат ӯ ранг

Задудаи рои ту зи ойӣнаи мамолики занг

Баланди рои ту хуршеди гунбади давлат

Хуҷастаи номи ту унвони номаи фарҳанг

зи нури рои ту монанди рӯз гардад шаб

зи лутфи табъи ту монанди об гардад санг

Ба раъйу қадари танатро з чарх бошад ор

Ба ҷӯаду илми дилатро з баҳр бошад нанг

Вале ба давлати ту бар шавад ба чархи баланд

Адуи зи ҳайбати ту дар шавад ба коми наҳанг

зи баҳри теғи ту пари гавҳари оҳану пӯлод

зи баҳри тири ту пар сӯратаст чӯби хаданг

Кадоми шоҳ ки ӯ аз ту нстдсти амон

Кадоми мейр ки ӯ нест назд ту сарҳанг

Сипеҳр оҷиз гардад ба ту ба рӯзи шитоб

Замона ҳайрон гардад зи ту ба гоҳи диранг

зи ҳайбат ту шавад сусти дасту пои фалак

Чу бар каммияти ту эй шоҳ танг гардад танг

Ғубори хинги ту дар дида паланг шудаст

Азин сабаби мутакаббир буд ҳамеша паланг

Сипед рӯз шавад бар мухолифонати сиёҳ

Фарохи гетӣ бар дшмнонт гардад танг

Хдоигоно агар баркашанд ҳалами ту ро

Сипеҳру чарх басанда набошадаш посанг

Кунун ки кардӣ шоҳои сӯии ҳазор дарахт

Ба шоди комӣу пирӯзӣу нишоти оҳанг

Дарав чу сабри ту эй шоҳи сабзи гашти дарахт

Дарав чу ханҷар берангат об шуд чун занг

Ҷаҳон ба зеб ва ба зевар чу лаъибати озар

Замин ба нақш ва ба сӯрат чу номаи Аржанг

Чу зулфи ёри шабаҳ зулф шуд ҳаво аз буи

Чу рӯй ёри парӣ рӯй шуд замин аз ранг

Магари ҷаҳонро ин фасли ҷодуии омухт

Аз он падед кунад ҳар замон дигар найранг

Бихоҳ бодаи нӯшин шҳоу нӯши куниш

Ба бонгу нолаи барбат ба лаҳну нағмаи чанг

Хдоигоно то шоҳи осмони доим

Гуҳии сӯй барра ояд гуҳии сӯии харчанг

Ҳамеша боди барояти Фрохтаҳи роят

Ҳамеша бод ба рӯят фурӯхта авранг