Хештанро савор бояд кард

Бар сухани комгор бояд кард

Табъи худро ба лафзу маънӣ бар

Тоза чун навбаҳор бояд кард

Мадҳати шаҳриёр бояд гуфт

Хизмати шаҳриёр бояд кард

Шоҳи Маҳмӯди сайфи давлату дайн

Ки забони зулфиқор бояд кард

Пас ҳамаи умри худ ба дафтар бар

Мадҳат ӯнигор бояд кард

Ваон касеро ки мадҳ ӯ гуяд

Бар мулӯки ифтихор бояд кард

Онкӣ ҳар кас ки талъаташ бинад

Ҷони ширини нисор бояд кард

Маликои хсрўо худовандо

Корҳо шоҳвор бояд кард

Мамлакат интизор напазирад

То ба кӣ интизор бояд кард

Малики офоқро бибояд ҷуст

Кӣ бад-ӣни ихтисор бояд кард

Бади сголон бедиёнат ро

Аз ҷаҳони торумор бояд кард

Рӯй худро ба пеши шоҳи ҷаҳон

Чун гули обдор бояд кард

Ҷумлаи бунёди дайну давлат ро

Ба ҳисоми устувор бояд кард

Маликро чун қарор хоҳӣ дод

Теғро беқарор бояд кард

Номдорону сарфарозон ро

Аз ҷаҳони ихтиёр бояд кард

Ҷумлаи бадхоҳро бибояд хаст

Бо адуи корзор бояд кард

Маликро аз ҳисорён чу шер

Ба аду бар ҳисор бояд кард

Ин ҷаҳонро ба адл ва дод шҳо

Ҳамчуи хонаи баҳор бояд кард

Вонгаҳеи андари он ба давлату ъз

То қиёмати мадор бояд кард