Чу ман ҷаридаи ашъори хеш арз кунам

Нахуст ёбам номи ту бар сари девон

Сазад ки номи ман эй номдор сабт кунӣ ?

Ба калаки ғифлат дар матни дафтари нисён

Марои мадор ба табъи ҳунари гарону сабк

Ки ман ба соя сабк ҳастам ва ба табъи гарон

Биҷузи муроди никуии накӯи мадор ки ман

Баҳри никуии ҳақам ба ҳар баҳои арзон

Ҳамеша то ба ҷаҳони холӣ ва тиҳӣ набӯд

Ҷавоҳир аз эърозу аносир аз арқон

Ду ҳоли неку бади оради ҳамеи зи ҳафт фалак

Ба ҳафт кавкаб дар панҷ ҳису чори арқон

Чу сарв ва лола биноз ва чу субҳу боғи биханд

Чу меҳр ва моҳ битоб ва чу ақлу рӯҳи бимон

Хуҷастаи давлату фархундаи бахти ту ҳамаи сол

Чу офтоби мунир ва чу навбаҳори ҷавон