Узр беманфиат ниҳодан чист

Пеши дониш бар истодан чист

Маргро зодаему мурда на ем

Хештанро ғурур додан чист

Пас чу дар ҷумла май бибояд мард

Ҳамаро эй шигифт зодан чист

Дар ранҷӣ ки манфиат накунад

Бар тани хештан кушодан чист

Рӯзӣ хештан хӯрд ҳар кас

Халқро дар ҳам аўФтодн чист

Дигарон чун пас аз ту бурдоранд

Ин ба каф кардан ва ниҳодан чист