Моҳўи он Сайиди сутӯдаи хисол

Бошад оҳистаи табъ дар ҳамаи ҳол

Моя донишаст пиндорӣ

Ҳаст мастӣ ӯ чу ҳушёрӣ

Зоти доноу табъ бурно нест

Мисли ӯ ҳеҷ тез ва доно нест

Дар ҳама корҳо кунад анҷоҳ

Набӯд мисли ӯ ба ҳазлу мазоҳ

Шаҳ чу аз ҳол ӯ хабар дорад

Ҳар замонаши азиз тар дорад

Бунаади бади сголро гардан

Гарчи ху дорад ӯ фурӯ хӯрдан

намекунад нарми нарми кӯшиши хеш

намекунад ошкораи ҷӯшаши хеш

Дилаш ар гуҳи гуҳӣ гарон гардад

Дар сар ӯ ҳамеша он гардад

Ки буд ҷоҳаш аз дигар кас беш

Дорадаш шаҳи азизу хоссаи хеш

Бартар аз даст худ нахоҳад кас

Айб ӯ ин тавон ниҳодану бас

Аз ҳамаи чиз ҷоҳ дорад дӯст

Ин зи асли бузург ва ҳиммат ӯст