Он нест ки дил ба ҷо нишинад

То сар наниҳад з по нишинад

Рӯе ки зуҳӯр ҳасан хоҳад

Дар манзари чашм мо нишинад

Тир ту нишаста дар дили танг

Ҷон гар баравад , куҷо нишинад

Сад хонаи шикофад ва чу ғунча

Дар парда ба сад ҳаё нишинад

Чун дидаи пурд ба боли шодӣ

Дили мунтазир бало нишинад

Гуфтеми турои дуо ва рафтем

То ғайр ба муддао нишинад

То бор дигар кунад ҷудоӣ

Ояд ки дамӣ ба мо нишинад

Ту дарди дилии тамом , майлӣ

Кас бо чу туе чаро нишинад