Онҳо ки итоб аз лаби хандон ту ёбанд

Заҳри аҷал аз чашмаи ҳайвон ту ёбанд

Ҳар фитна ки пинҳон ба камӣнгоҳ бало шуд

Дар гӯшаи дастори парешон ту ёбанд

Дилҳо ки дар оянд дар он чоҳи занхдон

Сад Юсуф гум гашта ба зиндон ту ёбанд

Хӯни дил мо мечакад аз лаъли ту чун май

Тарсами гули ин бода ба домон ту ёбанд

Нолад чу ҷарас аз асари нолаи зорам

Гар дар дил мотам зада пайкон ту ёбанд

Ғам нест ки дар ман сарв сомон натавон ёфт

Ин бас , ки маро бесару сомон ту ёбанд

Майлӣ чу магаси даст ба сари мондау халқӣ

Коми дили худ аз шкрстон ту ёбанд