Комии зи лаби лаъли ту дидан нагузоранд
Яъне суханӣ аз ту шунидан нагузоранд
Он Тифли зи назораи қатлам чу кунад завқ
Ағёри зи рашкам ба тапидан нагузоранд
Чашмони кмндоФкни сайёд вааш ту
Сайдӣ ки бибинанд , рамидан нагузоранд
Таркони ду чашми ту паии ҳасрати дилҳо
Гӯйанд суханҳо ва шунидан нагузоранд
Хоҳанд ки маълум шавад рози ниҳонам
Ағёр ,гараш нома даридан нагузоранд
Гар бод шавад дар талаби васли ту майлӣ
Ағёр ба гирди ту расӣдан нагузоранд