Аз нахл ӯ умеди навои доштам , нашуд
Бар аҳд ӯ гумони вафои доштам , нашуд
Бими уқубатии зи балои доштам , расед
Чашми иҷобатии зи дуои доштам , нашуд
эй ашк бесироят вае оҳ бе асар
Умедворе ба шумо доштам , нашуд
Он дам ки чашмаш аз мижа ханҷар кашида буд
Чашми риоятии зи ҳаёи доштам , нашуд
Гуфтам аҷали зи ҳиҷр халосам кунад , накард
Ин дардро умеди давои доштам , нашуд
Майлӣ чу мурғи дом , умеди фироқи бол
Дар қайди он ду зулфи дўтои доштам , нашуд