Аз мастии шаб , зулфи ту бе тоби намояд

Аз оташ май , лаъли ту бе оби намояд

Ҳасани ту зи осеби нигоҳ ҳавас олуд

Чун маҷлис бар ҳам зада асбоби намояд

Ҳар чашм задан , оҳӯии нохуфтаи шаби ту

Изҳори хумору ҳаваси хоби намояд

Мижгони ту дар пеши сари афкандаи азин шарм

Кари чашми ту осор май ноби намояд

Кайфияти имшаб гузаро бӯда ки имрӯз

Аз ранҷи хумори ин ҳама бе тоби намояд

Чун ашки ман он хона нишин парда дарӣ кард

Аз шарм , кунун чун дар ноёб намояд

Майлӣ шудаи побстаҳи он зулф ва ба чашмаш

Мижгони ту чун ханҷари қассоби намояд