Бори ғами сангини дилон бар ҷони ғам Фрсо ниҳанд
Ҳар киро аз по дарандозанд , бар сар по ниҳанд
Дар мақоми чорасозӣ чун шаванд ин саракашон
Бар сари захми таманно , доғ истиғно ниҳанд
Манзилам аз бас ки чун мотами сарои пар шеван аст
Халқи як як , чашм бар дар , гӯш бар ғавғо ниҳанд
Шарми бодои оқилонро , каз паии дафъи ҷунун
Доғ бар сар , банд бар пои ман шайдо ниҳанд
Халқро шуд узри тақсирот то тақрири ҳарф
Бо ту сад бегона , дил бар ошноӣҳо ниҳанд
По бурун натавонам аз вайрона чун майлии ниҳод
Бас ки Тифлони сар ба дунболи ман расво ниҳанд