Бишорати боди риндонро ки айём фироқ омад

Сабӯҳӣ карда ҳар кас бо дафу неи сӯй боғ омад

з ҳар сӯи мутрибӣ монанди булбул дар тараннум шуд

з ҳар сӯи соқе чун лола бо заррин аёғ омад

Камоли ишқу ҷазби орзӯӣ ошно бингар

Ки он бегона то вайронаи мо бесуроғ омад

Ҷароҳат беш по барҷо намонад аз ҷӯшаши хӯнам

Маро дар дасти ҳргаҳи пунбае аз баҳр доғ омад

Шабӣ каз ғайр пинҳон омаду шамъ мазорам шуд

Маро шуд доғи дил ,гар бар сари хокам чароғ омад