Он чунон бадгумон ки буд , намонад
Дар паии имтиҳон ки буд , намонад
Ваъдааш бевафо намонад , ки буд
Ғамзаи номеҳрбон ки буд , намонад
Зулф ӯ саркашӣ ки кард , гузашт
Чашм ӯ саргарон ки буд , намонад
Он низоӣ ки ғайр бо мо дошт
Пой ӯ дар миён ки буд , намонад
Зоҳиран бо рақиб , ёри маро
Илтифоти ниҳон ки буд , намонад
Ғайрро ҳам зи ношиносии ҳақ
Ранҷишӣ бар забон ки буд , намонад
Бар вафояш агарчӣ моро ҳам
Эҳтимолии чунонкӣ буд , намонад
Сари мо гар фитод аз фитрок
Ғайри ҳам дар Аннан ки буд , намонад
Ман агар аз Аннан ӯ мондам
Бо ман он ним ҷон ки буд , намонад
Умрҳо бар шикасти майлӣ буд
Шкрллаҳ ҳар он ки буд , намонад