Бемори ғам аз мурдан , андеша басӣ дорад

Гуё назари ҳасрат , бар роҳ касе дорад

Омезиш ӯ бо ман , бемаслиҳатӣ набӯд

эй вой азон гармӣ , котш нафасӣ дорад

Чун додкнони байнам , озурдаи бедодӣ

Оҳии кашам аз ҳасрат , кин додрасӣ дорад

То мояи навмидӣ , дилро нашавад афзӯн

Дигар накунад зоҳир ,гар мултамисӣ дорад

То базм нишинонро , аздоғи гумони сӯзад

Ҳар чашм задани рамзӣ бо булҳавасӣ дорад

Кӣ дар шикани зулфат , аз нолаи дилам хӯн шуд

Мурғии зи хуши оҳангӣ , рангин қафасӣ дорад

Сад марҳаларо майлӣ , аз нола задӣ бар ҳам

Кам қофилае чун ту нолон ҷарасӣ дорад