Дамӣ ошиқ надид ӯро , вагар дид
Ба сад дарди дилу хӯн ҷигар дид
Дил аз як ҷуръаи васли ту умрӣ
Хумор ғам кашид ва дардисар дид
Хадангашро дилам то раҳгузар шуд
Ҳазор осӯдагӣ зон раҳгузар дид
Дилами роср ба саҳро дод яксар
Ки захми сайди худро коргар дид
Рақиб ӯро саги дунболаи рӯ буд
зи як тири тағофул , боз гардид
Дилам дар базм ӯ то бо хабар шуд
Марои биҳуш ва худро бехабар дид
Дило аз дилбарони қатъ назар кун
Ки майлӣ ҳарчӣ дид аз як назар дид