Он шаҳсавори ҳргаҳ бар бодпо барояд

Бехост аз гадоён , шӯр дуо барояд

Тифласту шарм ӯро монеъи зошноиӣ

Тарсам ки рафтаи рафта , ноошно барояд

Аз об дида кардам сероб , нахл ӯ ро

Шояд ба ин нам аз вай , барг наво барояд

МФрсти рӯзи ҳиҷрон , пайғом васл сӯем

Ҷонро з раҳ магардон , бигзор то барояд

Хоҳам туро барорам аз муддаӣ , валикин

Ҳошо ки чун маниро , ин муддао барояд

Уфтад зи абри раҳмат ,гар қатрае ба хокам

Зон қатра , ҳамчуи пайкон , нахл бало барояд

Майлии чунин ки ҷонро , бигрифта ғами гиребон

Бахтат ба ин забунӣ , бо ӯ куҷо барояд