Сари масти орзӯро , расм адаб набошад

Гар сари нуҳум ба поят , борӣ аҷаб набошад

Чун шонаи рӯбаҳ рӯйиш дидам , вале надидам

Як тори мӯ ки бар вай , даст талаб набошад

Натавон чу гиря кардан , рӯз аз ҳиҷоби мардум

Холӣ намешавад дил ,гар тира шаб набошад

Аз зиндагӣ чаҳ дорам , каз марг рӯ битобам

Гирам ки ним ҷонӣ , доим ба лаб набошад

Чун наргис ту бошад , дар базми нози соқӣ

Бебода аз ҳарифон , мастӣ аҷаб набошад

Дар базми васл , майлӣ дар гиря чанд бошӣ

Биншин ки ҷои мотам , базм тараб набошад