Чунон рафтам ман беэътибор аз хотири шодаш

Ки гар мебинадам сад раҳ , намеояд змни ёдаш

Хуши он соъат ки раҳмаш боз дорад чун зи озорам

Кунад бе аътдолиҳои хуӣ , гарми бедодаш

Баннои шаҳри банд офият кардам , надонистам

Ки ишқи хонаи вайрони соз , хоҳад кунад бунёдаш

Шаҳиди ханҷарат ҳар чанд аз худ бехабар бошад

Хабардораш кунад бе тобии дил , чун кунӣ ёдаш

Ба ҷон аз нола меоварад майлӣ , дӯши мардум ро

Агар ҳар дам намешуд бихўдии монеъи зи фарёдаш