зи базмаш бо чунин хорӣ , нахоҳам зуд бархезам
Ки пиндорам агар бошам дамӣ , хушнӯд бархезам
Пас аз умрӣ ки биншинам ба сад тақрйв дар базмаш
Суол аз муддаоӣ ман кунад то зуд бархезам
Барад чун рашкам аз базми ту , пинҳони сӯии ман бинӣ
Ки бо он ноумедӣ , орзӯолӯд бархезам
Ба роҳи интизороти мардуму берун наме ое
Агар навмидии ман бошиддати мақсӯд , бархезам
Ба сад умедворӣ дар раҳаш бинишастаам майлӣ
Агар дар диданаш тохир хоҳад буд , бархезам