Аз хӯн , пас аз ҳалок рақам кун ба санги ман

Кин хӯн гирифтааст шаҳиди хаданги ман

Ҳар чанд вақти кушта шудани даст ва по задам

Як бори доман ту наомад ба чанги ман

Дар оташами зи шавқ ва ба сӯяш наме рӯм

То ёр шармсор нагардад зи нанги ман

Сад бор ранҷа гаштаам ва сулҳ карда ам

Кони ма хабар надошта аз сулҳу ҷанги ман

Номи ту баради майлӣ ва дарёфт ҳолатам

Аз оҳи бихўдонаҳу тағйири ранги ман