Дил кист , хароби суҳбати ту

Сармаст май муҳаббати ту

Дод дили зори мо надодӣ

Дод аз дил бе муруввати ту

Рӯй ту надида ҷон супурдем

Барадем ба хок , ҳасрати ту

Гуфтам ба ту ҳоли хеш ва акнӯн

Шармандаам аз хиҷолати ту

Майлии зи ғами ту шуҳраи шаҳр

То кист аниси суҳбати ту