Ман бехабар аз хешу дил аз кори фитода
Гуё ки ба сӯем назари ёри фитода
Овардаам ӯро бар худ аз кашиши дил
Дар базм агар паҳлавии ағёри фитода
Чун қосиди дилдор назар карда ба сӯем
Дил дар тамаъи ваъдаи дидори фитода
Ушшоқи зи дасти ту ба фарёд ва фиғонанд
Бо онкии забони ҳама аз кори фитода
То дар пай ӯ боз дил кист , ки имрӯз
Хуршеди ман аз гармии рафтори фитода
Дар кӯии ту афсонаи майлӣ ба забонҳо
Аз омадан ва рафтан бисёр фитода