Ману орзӯии базмӣ ки зи ҳол ман бипурсӣ
Чу касе дигар намонад , зи малол ман бипурсӣ
Ба ҳузури ғайр , кардӣ нашунида пурсишам ро
Ки азу ба ин баҳона , зи суол ман бипурсӣ
зи тахайюли ту чандон шавад изтиробами афзӯн
Ки ба хотирам наёяд , чу хаёл ман бипурсӣ
зи ҳаёи назар ба сӯем накунӣ , хуши онкӣ аз май
Ту ба ҳол худ набошӣу зи ҳол ман бипурсӣ
Ба фироқ , он чунонам бигузашт умр , майлӣ
Ки хаҷал шавам чу ҳарфии зи висол ман бипурсӣ