Чунин ба аҳли вафои хашмгин чаро шуда Эй

Саги тўоим , ба мо ин чунин чаро шуда Эй

Ҳадиси муддаӣон гар накардае бовар

Ба тоза бар сари бедоду кин чаро шуда Эй

Сари вафо чу надорӣ , чаро наме гӯйӣ

Ки офати дилу ошӯби дайн чаро шуда Эй

Ту бар сари ғазабӣ бо ман ва дарин фикрам

Ки ранҷа аз ман андӯҳгин чаро шуда Эй

Агар на майли фароғат буд турои майлӣ

Ба кунҷи ғам , ба аҷал ҳамнишин чаро шуда Эй