Дар пои ғамат чу сайд забун мекашад маро

Май афканд ба хок ва ба хӯн мекашад маро

Мо хӯн гирифтаему дамодам ба зӯри даст

Дрпои теғ , бахт забун мекашад маро

Занҷири зулф ӯ агар инаст , оқибат

Савдои ошиқӣ ба ҷунун мекашад маро

Хорӣ ба он расида ки бе гуфт ӯ , рақиб

Аз базми ҳамчуи шаҳна бурун мекашад маро

Майлии лаби фусунгари афсонаи сози ёр

Дар тангнои ғам ба фусун мекашад маро