Носеҳи насиҳати ту ба дил ҷогир нест
Вайрона Эйаст дил ки иморат пазир нест
Хонанд дар шкоргаҳи ишқ , бе ҷигар
Сайдӣ ки дар каманди маломат асир нест
Бисёр бемулоҳизае дар ҷафо , магар
Донистае ки аз ту диламро гурез нест ?
Золими савори ман чу кунад пой дар рикоб
Аз додхоҳ , як сари раҳ бенафир нест
Майлӣ ба сабр хуй кун ва бо ҷафо бисоз
Кони шӯхро хаёли вафо дар замир нест