Аз ҳарими васл , маҳҷӯрам намебоист дошт
Яъне аз наздики худ даврам намебоист дошт
эй Масеҳи дардмандон , чун насими васл буд
Аз сумуми ҳиҷр ранҷурам намебоист дошт
Ман ки будам чун маи равшандил аз хуршеди васл
Ҳамчуи шамъи субҳ , бе наварам намебоист дошт
Аз май васли ту чун паймонаи дил пар нашуд
Ин қадар зон ҷуръа махмурам намебоист дошт
Гар дилатро заррае наздик медидам ба меҳр
намешудамгар давр , маъзӯрам намебоист дошт
Ман ки чун хуршеди субҳ васл будам пардаи сӯз
Дар ҳиҷоби ҳиҷр мастурам намебоист дошт
Ҳамчуи майлӣ дар ғами ободи фаромӯшӣ , чунин
Бенишон бо ном машҳурам намебоист дошт